Талабот ба такси дар Тоҷикистон: рӯзҳо ва соатҳое, ки таксиро бештар фармоиш медиҳанд

Талабот ба такси дар Тоҷикистон: рӯзҳо ва соатҳое, ки таксиро бештар фармоиш медиҳанд

24 Januari 2019

Мутахассисони хадамоти “Максим” чӣ гуна дар вақтҳои гуногун тағир ёфтани миқдори фармоишҳоро дар соли 2018 таҳлил намуданд.

Омори хадамот дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки талаботи одамон ба сафар ба рӯзҳои ҳафта ва вақт вобаста аст. Масалан, соли гузашта сокинони Тоҷикистон аз хизматрасонии такси бештар дар нимаи дуюми ҳафта истифода бурдаанд. Ҳиссаи сафар дар рӯзҳои корӣ аз душанбе то панҷшанбе тахминан баробар буд: 13% аз миқдори умумӣ дар давоми як ҳафта. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки аксарият баъди анҷоми ҳафтаи корӣ ба истироҳат мераванд, зиёда аз 15% фармоиш ворид мешуд.

Талабот ба такси дар давоми рӯз низ фарқкунанда буд. Дар рӯзҳои корӣ миқдори бештари фармоишҳо дар соати 18 ворид мешуд: 6,5% аз миқдори умумӣ дар давоми як рӯз. Фаъолнокӣ танҳо баъди соати 23 коҳиш меёфт. Аз соати 1-и шаб то соати 6-и субҳ миқдори фармоишҳо аз ҳама кам буд: дар ин вақт ба такси на зиёда аз 2% аз миқдори сафарҳо дар давоми як шабонарӯз фармоиш ворид мешуд.

Дар рӯзҳои истироҳат ин нишондиҳанда тамоман дигар буд. Дар субҳ одатан шиддати кор мавҷуд нест ва фаъолнокии истифодабарандагон аз соати 15 оғоз меёфт. Шиддати кор дар шом як соат фарқ дошт: ҳиссаи аз ҳама бештари фармоишҳо 7,2% соати 19 ворид мешуд. Шабона ҳиссаи фармоишҳо танҳо баъди соати яки шаб то 2% коҳиш меёфт: одамон, ба фарқ аз рӯзҳои корӣ, дар рӯзҳои истироҳат дертар ба хона бармегаштанд.

Ин омор дар асоси маълумот аз ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд таҳия шудааст. Он барои шахсоне, ки бо такси сафар кардан мехоҳанд, метавонад муфид бошад. Дар соатҳои талаботи камтар маблағро сарфа намуда, зудтар раҳсипор шудан мумкин аст.