Дар Душанбе имкони фармоиши мошин барои тӯй фароҳам гардид

Дар Душанбе имкони фармоиши мошин барои тӯй фароҳам гардид

15 fevral 2019

Хадамоти фармоиши такси “Максим” тарофаи наверо ба роҳ монд, ки фармоиши мошини мувофиқро барои маъракаи муҳим бо нархи пешакӣ маълум имконпазир мегардонад.

Хизматрасониро дар идораи маҳаллӣ фармоиш додан мумкин аст. Ҳангоми барасмиятдарории фармоиш ба менеҷер санаи баргузоршавии маърака, инчунин ранг, андоза ва тамғаи мошини писандро гуфтан лозим аст. Корманди идора мошини аз ҳама мувофиқро интихоб намуда, бо ронанда дар тамос мешавад. Нархи чунин хизматрасонӣ дарҳол баъди барасмиятдарории фармоиш маълум мегардад. Истифодабарандагон ба хотири сарфаи маблағ хароҷоти худро назорат карда метавонанд.

Чунин фармоишро пешакӣ ба расмият даровардан лозим аст. Аммо ҳар як истифодабаранда барои худ муҳлати мувофиқро интихоб карда метавонад: як ҳафта ё як моҳ пеш аз маърака, маҳдудият нест. Агар шароитҳо тағир ёбанд, чунин фармоишро бекор намудан мумкин аст. Барои ин аванс ё пешпардохт ситонида намешавад.

Мошинро на танҳо барои тӯй, балки барои дигар маъракаи муҳим низ фармоиш додан мумкин аст. Хизматрасонӣ барои онҳое мувофиқ мебошад, ки маъракаро пешакӣ ба нақша гирифта, онро ба таври олӣ баргузор намудан мехоҳанд, вале мошини муносибро дар ихтиёр надоранд.