«Максим» замимаи худро барои фармоиши такси дар барномаи Windows Phonе таҷдид намуд

«Максим» замимаи худро барои фармоиши такси дар барномаи Windows Phonе таҷдид намуд

17 август 2017 г.

Дар шакли нави замима ҳамаи вазифаҳое, ки қаблан дар замимаи платформаҳои Android ва iOS мавҷуд буданд, акнун барои истифодабарандагони барномаи Windows Phone низ дастрас мебошанд.

Тағйиротҳои асосие, ки ба шакли пештара ворид карда шуданд, ин ороишоти комилан аз нав коркардшуда, ҳисобу китоби автоматикии нарх дар рӯйхати интихоби нархнома, ҷустуҷӯи суроға дар харита, пайгирии маҳалли ҷойгиршавии ронанда ва хатсайри фармоиш дар харита, имконияти ба нафари дигар нишон додани пайгирии сафар, ба таври автоматикӣ муайян кардани шаҳр, муошират бо ронанда мебошанд.


Ин воқеан ҳам замимаи навест, ки вазифаҳои зиёдро дар бар мегирад ва зоҳиран ҷолиб мебошад. Ҳамзамон, раванди фармоиши такси бениҳоят осон ва зуд анҷом дода мешавад. Сафарро ҳам дар шакли нақд ва ҳам тариқи ғайринақдӣ пардохт кардан мумкин аст.

Истифодабарандагон метавонанд андешаҳои худро оиди шакли нави замима тариқи алоқаи акс дар менюи дар бари замима қарордошта иброз намоянд. Андешаҳои мусбӣ оиди шакли таҷдидшуда аллакай баён гардидаанд.

— Барои таҳияи интерфейси замонавӣ миннатдорам. Барои илова кардани харитаи шаҳр ташаккур мегӯям, зеро дидани маҳалли ҷойгиршавии мошин хеле муҳим аст. Ташаккур, ки огоҳиномаҳоро ислоҳ кардед ва имконияти вобаста кардани корти бонкиро илова намудед. Сипосгузор аз онем, ки мо, истифодабарандагони барномаи Windows Phone-ро фаромӯш накардед! — яке аз истифодабарандагони барнома чунин андешаҳояшро изҳор кардааст.