Хадамоти фармоиши такси «Максим» кори худро дар Тоҷикистон оғоз намуд

Хадамоти фармоиши такси «Максим» кори худро дар Тоҷикистон оғоз намуд

May 30, 2017

Моҳи май нахустин фармоиш дар шаҳри Хуҷанд ба иҷро расонида шуд. Тоҷикистон шашумин давлатест, ки дар он ширкат фаъолияти худро пеш мебарад.

Ба сокинони шаҳр хизмати босифат расонида шуд, ки он барои ба таври қулай фармоиш додани такси имконият фароҳам меорад. Мизоҷон метавонанд таксиро тариқи барномаи мобилии ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи «Максим: фармоиши такси», дар низоми вақти воқеӣ (онлайн) дар сомонаи taximaxim.tj, инчунин тариқи телефонҳои 0110 ва + 992 488-88-01-10 фармоиш намоянд.

Хадамотҳои мобилӣ дар шаҳри Хуҷанд торафт машҳур ва мақбули омма шуда истодаанд. Барномаи «Максим: фармоиши такси» ба туфайли интерфейси оммафаҳм ва усули қулаи корбарӣ доштанаш аз рақибон фарқияти афзалиятнок дорад. Таксиро дар давоси якчанд сония фармоиш кардан мумкин аст. Нархи сафар пешакӣ ҳисоб карда мешавад, вақти расида омадани автомошин бошад, дар низоми вақти воқеӣ ифода мегардад. Дар барномаи фармоишӣ харитаи хатсайри фармоиш ва маҳалли ҷойгиршавии ронандаро дидан мумкун аст, ҳамчунин мизоҷ метавонад сафарро пайгирӣ намояд, таксиро бо як расиш дар қисмати таърихи сафарҳо такроран фармоиш диҳад, бо ронанда дар чат муошират кунад. Мизоҷон тариқи баҳодиҳии сафарҳо ва робитаи акс ба фаъолияти ширкат мустақилона таъсир мерасонанд.

Аксарияти сокинони шаҳр таксиро тариқи телефон фармоиш медиҳанд. Ширкати «Максим» дар ҳудуди шаҳр маркази иртиботии худро таъсис дода, ба операторон меъёрҳои хизматрасониро таълим дод. Фармоишот шабонарӯзӣ бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Таксиро тариқи оператор фармоиш дода, мизоҷон метавонанд, бо инсони зинда сӯҳбат намоянд, мушаххасоти фармоишро аниқ кунанд ё савол диҳанд.

Ронандагони таксиро, ки бо хадамоти дар шаҳри Хуҷанд фаъолиятдошта ҳамкорӣ менамоянд, ширкат бо барномаи маҳдуд кардашудаи ронандагон Taxsee Driver таъмин кардааст. Дар барномаи мазкур ба ронандагон ҳамаи фармоишҳо дар миқёси маҳаллаҳои шаҳр нишон дода мешаванд ва барои қабули наздиктарин нуқтаи фармоиши такси имкон дода мешавад. Ронандагони такси нархи фармоишро ҳамон лаҳза дида метавонанд ва мизоҷонро аз рӯи хатсайри муносиб, ки дар барнома инъикос ёфтааст, бурда мерасонанд.

Таҷрибаи кор дар шаҳри Хуҷанд ба ширкати «Максим» дар дарки эҳтиёҷоти бозори тоҷик кӯмак мерасонад ва хадамотро водор месозад, ки фаъолиятро бо усули беҳтарин ба роҳ монад. Сипас, хадамот оғози фаъолияти худро дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ ба нақша хоҳад гирифт.