Дар барномаи мобилии «Максим: фармоиши такси» хоҳиш дар бораи бақия пайдо шудааст

Дар барномаи мобилии «Максим: фармоиши такси» хоҳиш дар бораи бақия пайдо шудааст

September 22, 2017
города#taximaxim

Ҳангоми пардохти сафар бо пули нақд, аксар вақт ба мусофир бақия лозим мешавад. Агар мусофир бо пули калон ҳисобӣ кунад, мешавад ҳолатҳое, ки ронанда бақияи онро надорад.

Барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо, хадамоти «Максим» ба барномаи мобилӣ функсияи наверо илова намуд. Акнун мусофир метавонад дар хоҳишҳо нисбати фармоиш бо кадом пул ҳисобӣ карданро нишон диҳад. Ронанда итилооти мазкурро дар маълумотҳои фармоиш мебинад ва метавонад бақияи пулро тайёр тайёр карда монад.

Опсияи мазкур дар ҳамаи кишварҳое, ки дар он хадамот фаъолят мекунад, дастрас мебошад. Дар Русия корбарон метавонанд бақияро аз 500, 100 ё 5000 рубл, дар Қазоқистон — аз 5000, 10 000 ва 20 000 тенге, дар Украина — аз 200 ва 500 гривна, дар Беларусия — аз 20, 50, 100 рубли беларусиягӣ, дар Тоҷикистон — аз 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, дар Гурҷистон — аз 20, 50, 100 ва 200 лари, дар Булғория — аз 20, 50 ва 100 лева интихоб намоянд.

Ҳангоми интихоби дигар усулҳои фармоиши такси “номинали пули барои сафар ҳисобӣ кардан” - ро нишон додан мумкин аст. Дар сомона онро дар шакли фармоиш амалӣ кардан мумкин аст ва ҳангоми фармоиш бо телефон бояд операторро бо шарту шароит хабардор кард.

Хадамоти «Максим» кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки на танҳо даъвати такси, балки ҳисобӣ кардани сафарҳо низ барои мусофирон қулай бошад. Қаблан дар барномаи мобилии Taxsee Driver барои ронандагон, хадамот имконияти таҳвили бақия тавассути пардохти ғайринақдӣ аз суратҳисоби ронанда ба суратҳисоби мусофирро амалӣ намуда буд. Функсияи нав дар барномаи мобилии «Максим: фармоиши такси» пардохти сафарҳоро боз ҳам зудтар ва осонтар мегардонад. Вақти рафтан аст!