5 автомибили аз ҳама машҳури бонувон дар Тоҷикистон

5 автомибили аз ҳама машҳури бонувон дар Тоҷикистон

March 7, 2019
#taximaxim

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии бонувон мутахассисони хадамоти “Максим” рейтинги автомобилҳоеро таҳия намуданд, ки бо онҳо аз ҳама бештар бонувони ронанда дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Автомобили аз ҳама машҳур Opel Astra буда, дар ҷои якуми рейтинг қарор дорад. 53% аз миқдори умумии бонувоне, ки бо хадамот ҳамкорӣ мекунанд, аз ин тамғаи автомобил ҷонибдорӣ намуданд. Ҷои дуюмро бо фосилаи зиёд автомобили Mercedes C-class ишғол намуд, ки бо он 11% бонувон кор мекунанд. Камтар аз ҳама ба намояндагони ҷинси латиф автомобилҳои Audi A4, Opel Vectra ва Opel Zafira писанд буда, аз ин автомобилҳо 7,6% бонувони ронанда истифода мебаранд. Ин автомобилҳо дар рейтинг ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Рейтинг барои интихоби автомобили мувофиқ ба бонувон ёрӣ мерасонад. Ҳамаи тамғаҳои дар рӯйхат пешниҳодгардида аллакай аз санҷиши бонувон гузашта, ба боварии онҳо сазовор гаштаанд.

Ронандаи такси дар байни намояндагони ҷинси латиф касби нодиру камёб аст. Бештар аз ҳама бонувони аз 25 то 45 сола ҳамчун ронанда кор мекунанд.

Агар дар 8 март барои иҷрои фармоиши шумо бонуе биёяд, луфтан, самимона ӯро бо ҷашни бонувон таҳният гӯед.