Дар Хуҷанд такси ронандааш бонуро фармоиш додан мумкин аст

Дар Хуҷанд такси ронандааш бонуро фармоиш додан мумкин аст

April 5, 2019

Тарофаи нави хадамоти «Максим» ба занону духтарон имкон фароҳам меорад, ки бароҳат сафар намуда, аз бехатарии худ хавотир нашаванд.

Автомобилеро, ки ронандааш бону аст, тавассути оператор ба воситаи рақами телефон, дар сомонаи хадамот ё дар барномаи «Максим» метавон фармоиш дод. Барои тавассути барнома ё сомона ба расмият даровардани фармоиш бояд нуқтаҳои аввалу охири хатсайрро нишон дода, дар замимаи «Тарофа» варианти «Барои занон»-ро интихоб намуд. Ҳангоми ба воситаи рақами телефон фармоиш додан ба оператор шартро гуфтан лозим аст. Арзиши сафар аз рӯи километраж бо назардошти иловапулӣ барои хизматрасониҳои ронанда ҳисоб карда мешавад.

Тарофа барои бонувоне мувофиқ аст, ки ба сабаби эътиқодоти динӣ ҳангоми сафар дар автомобил ҳамроҳи ронанда-марди ношинос худро нороҳат ҳис мекунанд. Тарофа барои вазъиятҳои ҳаррӯза низ мувофиқ аст, масалан, вақте духтар савори такси дер ба хона бармегардад ё ҳангоми сафар тавассути хатсайри шахсӣ шарм медорад. Одатан дар чунин вазъиятҳо ронандаи такси агар бону бошад, бароҳаттар аст. Модарони кӯдакдор аз ин ҳисоб ҳатто маблағро сарфа карда метавонанд: ҳангоми фармоиш додани мошин аз рӯи тарофаи «Барои занон» барои интиқоли кӯдак маблағи иловагӣ гирифта намешавад.