Дар Душанбе хизматрасонии ронандаи шахсиро фармоиш додан мумкин аст

Дар Душанбе хизматрасонии ронандаи шахсиро фармоиш додан мумкин аст

8 de febrero de 2019

Имконияти нави хадамоти “Максим” дарёфти ронандаеро, ки мусофирро бо мошини шахсии ӯ ба ҷои таъиншуда мебарад, фароҳам меорад.

Хизматрасониро ба воситаи оператор тавассути рақами телефон ё дар сомонаи хадамот ё дар барномаи “Максим” фармоиш додан мумкин аст. Барои тавассути барнома ва сомона ба расмият даровардани фармоиш нуқтаҳои аввалу охири хатсайрро нишон дода, дар замимаи “Тарофа” варианти “Ронандаи шахсӣ”-ро интихоб намудан лозим аст. Нархи сафар аз рӯи километраж бо назардошти иловапулӣ барои хизматрасонии ронанда ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми тавассути рақами телефон фармоиш додан шартро ба оператор гуфтан лозим аст.

Ронандае, ки барои иҷрои фармоиш меояд, бо мошини истифодабаранда тавассути хатсайри нишондодашуда ӯро ба ҷои таъиншуда мерасонад. Хизматрасонӣ барои онҳое қулай аст, ки ба сабабҳои гуногун мустақилона мошинро идора карда наметавонанд. Масалан, шахс савори мошини худ ба бар ё тарабхона омада, машрубот менӯшад, худро нотоб ҳис мекунад ё ҳамту мошинронӣ ба дилаш задааст.

Ба ғайр аз Душанбе, ин хизматрасониро дар Хуҷанд низ фармоиш додан мумкин аст.