Кӣ дар Тоҷикистон ба такси савор мешавад: сурати мусофир тартиб дода шуд

Кӣ дар Тоҷикистон ба такси савор мешавад: сурати мусофир тартиб дода шуд

31 de octubre de 2023

Мутахассисони хадамоти «Максим» оморро таҳлил карда, ҷинс, синну сол ва тамғаи смартфони истифодабарандаи оддии барнома барои фармоиши таксиро муайян намуданд.

Муайян гардид, ки дар Тоҷикистон мардон 4 маротиба нисбат ба занон такси даъват мекунанд. Ҳиссаи истифодабарандагони барномаи ширкат, ки ҷинси мардонаро нишон доданд, — 80% аз шумораи умумӣ аст. Занон 20% истифодабарандагонро ташкил медиҳанд.

Дар такси нисбатан фаъолтар ҷавонони то 24 сола мегарданд: ин гурӯҳи синну солӣ дар ҷойи якум аз рӯи шумора аст, ҳиссаи он 41%. Дар ҷойи дуюм одамон аз синни 25 то 35 сол бо натиҷаи 37%. Ҷойи сеюмро одамони 36-45 сола ишғол мекунанд, ҳисссаи онҳо — 16%. Мусофирони калонтар аз 46 сола ҳамгӣ 6% аз шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Агар дар бораи низомҳои оператсионии смартфонҳо сухан равад, он гоҳ дар 81% ҳолатҳо барнома барои фармоиши таксиро ба Android насб мекунанд. Ҳиссаи iOS 19% мебошад. Ҳамин тариқа, Android 4 маротиба машҳуртар аз низоми оператсионии Apple мебошад. Ҳамзамон истифодабарандагони iOS нисбатан содиқтаранд ва зуд-зуд ба барнома баҳоҳои баланд мегузоранд. Ҳамин тариқа, баҳои миёнаи «Максим» дар App Store — 4,8, дар Google Play бошад — 4,7.

Бренди машҳуртарини смартфонҳо байни мусофирони такси — Samsung-и кореягӣ: ҳиссаи соҳибони чунин дастгоҳҳо 46% аз миқдори умумии онҳоро ташкил медиҳад. Баъдан смартфонҳои бренди чинӣ Xiaomi меоянд, онҳо 30%. Дар ҷойи сеюм бо натиҷаи 24% корпоратсияи амрикоии Apple меистад.

Хӯш, киро дар курсии мусофири такси дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дидан мумкин аст? Бо эҳтимолияти калонтарин ин ҷавонмарди то синни 24 сола бо смартфони Samsung дар даст мешавад.

Дар таҳлил иттилооти бешахсгардонидашуда, ки онро истифодабарандагони барномаи «Максим» дар профили худ нишон додаанд, инчунин маълумотҳо дар бораи боргириҳо аз маркетҳои барномаҳо истифода шудаааст.

Барномаи «Максим» барои даъват намудани намудҳои гуногуни нақлиёт дар вобастагӣ аз талаботи истифодабаранда имкон медиҳад: автомобилҳои сабукрави дараҷаҳои гуногун, компактвенҳо, автои боркашон. Инчунин тавассути барнома ёрии курйер оид ба дастраскунӣ ва хариди молҳо, хизматрасониҳои ҳаммол, ронандаи шахсӣ, оғоздиҳии муҳаррик ва кашолакунии автомобилро фармоиш додан мумкин аст. Вохӯрдани дӯст дар истгоҳ, фармоиш додани дору ба модаркалон, кӯчидан ба утоқи дигар, дар автомобили худ рафтан, вақте ки худ ба сари чамбарак нишаста наметавонӣ... Барои одами муосир ин дастгоҳи универсалӣ аст, ки дар ҳолатҳои гуногунтарин ёрӣ дода метавонад.