«100 дона тухм харида, ба суроға биёред» — ба курйерон дар Тоҷикистон чигуна фармоишҳо меомаданд

«100 дона тухм харида, ба суроға биёред» — ба курйерон дар Тоҷикистон чигуна фармоишҳо меомаданд

10 de noviembre de 2023

11 ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии шоппинг қайд карда мешавад. Хадамоти фармоиши такси «Максим» бо ҷашн вобаста аст, зеро ширкат хизматрасонии «Мехарем ва меорем» дорад. Аз он одамон барои харидҳои фосилавӣ бо ёрии курйерон истифода мебаранд. Оиди он, ки ба онҳо иҷроиши чигуна фармоишҳо лозим омад, нақл мекунем.

Бо хизматрасонии «Мехарем ва меорем» дар он ҳолатҳо истифода мебаранд, худ ба мағоза барои харидкунӣ баромада наметавонанд. Худро хуб эҳсос накардан, кӯдакро ба ҳеҷ кас гузошта рафтан мумкин нест, дар обу ҳавои бад рафтан намехоҳанд ё ки ҳамту вақтро сарфа кардан лозим — сабабҳо гуногун буда метавонанд. Истифодабарандагон фармоишро дар хадамоти «Максим», бо нишон додани суроғаи дастраскунӣ ва рӯихати харид дар шарҳҳо ба расмият медароранд, баъд аз гирифтани мол арзиши он ва хизматрасонии курйерро пардохт мекунанд. Дар ширкат пурсиданд, ки одамон чӣ фармоиш медиҳанд, ва рӯихати харидҳои машҳуртарин ва ғайриоддиро тартиб доданд.

Сокинони Тоҷикистон бештар аз ҳама харидани хӯрока аз тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳоро хоҳиш мекунанд. Бештари муассисаҳо хадамоти дастраскунии худро надоранд, ва хизматрасониҳои хадамоти «Максим» барои фармоиш додани таъомҳо, бе аз хона баромадан ёрӣ медиҳад. Дар ҷойи дуюм — маҳсулот ва молҳои зарурияти якум. Ҳамзамон аз ҳама машҳуртарин шир, нон ва коғази ташноб аст — оне, ки ҳамеша айнан вақти лозимӣ тамом мешавад. Ҷойи сеюмро воситаҳои доругии бедорухатӣ ишғол мекунад. Барои худ ба дорухона нарафтан, одамони бемор ба он ҷо курйеронро мефиристанд. Инчунин байни харидҳо гул ва бензин бештар вомехӯранд.

Байни фармоишҳои аз ҳама ғайриоддитарин асбоб барои кушодани шишаи шароб, чиптаҳо ба синамо, мехҳо ва 100 тухм (эҳтимол, сифр зиёдатӣ буд) буданд. Аён гардид, ки зарурияти чизеро харидан ба одамон дар ҳолатҳои гуногун лозим шуда метавонад.

— Фармоишҳои «Мехарем ва меорем»-ро иҷро мекунам, дар вақти кор ҳодисаҳои гуногун буданд. Касе молро пурра тавсиф мекунад, ки баъд айнан онро дар рафҳои мағоза меҷӯӣ. Баъзан одамон харидани чизеро барои нафари дигар хоҳиш мекунанд. Фармоишҳои хеле шахсӣ низ буданд. Ман ҳамеша ба ин бо шӯхӣ муносибат мекунам: херо ҳеҷ гоҳ намедонӣ, ки одам дар чигуна аҳвол аст, ки худ барои ин ба мағоза баромада наметавонад, — нақл кард яке аз курйерони хадамоти «Максим».