Дар Хуҷанд 360 автомобилҳо дар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон парад гузарониданд

Дар Хуҷанд 360 автомобилҳо дар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон парад гузарониданд

30 de noviembre de 2023

Санаи 24 ноябрии хадамоти фармоиши такси «Максим» дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти ҳукумат чорабинии ба ид бахшидашударо ташкил намуд. Байни онҳо — намоиши автомобилҳо бо парчамҳо, консерти мусиқӣ, мукофоти ронандагон ва мизоҷони такси.

Қаторҳои таъсирбахш аз автомобилҳои ҳамкорони ширкат дар кӯчаҳои шаҳр аз истгоҳи ноҳияи Ғафуров то стеллаи Хуҷанд гузаштанд. Ронандагон бо худ парчамҳои Тоҷикистонро ҳамчун нишонаи Истиқлол, оромӣ ва рушди кишвар бурданд. Автомобилҳои гузашта рафта истода бо нишонаи дастгирӣ бонг мезаданд, пиёдаҳо аз оқиби парад нигоҳ мекарданд — онҳо чунин ҳаракати фароҳи автомобилҳоро аввалин маротиба медиданд.

Чорабиниҳои идона бо консерти ройгон барои сокинони Хуҷанд давом ёфтанд. Дар майдони шаҳр дастаҳои машҳури мусиқӣ ва рақсӣ баромад карданд. Баъдан ҷамъшудагонро ҷонишини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ва роҳбари вилоятии ҳизби президентӣ Каримзода Мирзоқосим табрик карда, ба ҳама сулҳ ва беҳбудӣ таманно карданд.

Кормандони хадамоти «Максим» ба ронандагон ва мизоҷони фаъолтарин туҳфаҳо тақдим карданд. Ронандагони пешсаф кулоҳҳо ва болинҳои фирмавӣ, термосҳо ва сипосномаҳо гирифтанд. Мизоҷони бештар аз 3000 сафарҳоро содиркарда, инчунин маҳсулоти фирмавӣ, сертификатҳо барои пардохти сафарҳоро гирифтанд. Ба ғайр аз он, намояндагони ширкат ҳамкорони ба онҳо дар рушд ёрӣ додаро қадрдонӣ карданд: роҳбарони Хадамотҳои назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ва вилояти Суғд, муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», БДА МДВ-и вилоятӣ, инчунин ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон.

— Мо ҳамасола дар ҷашнгирии Рӯзи парчами миллӣ иштирок мекунем: парадҳоро ташкил мекунем, туҳфаҳо тақдим мекунем. Вале ин дафъа аз рӯи шумораи иштирокчиён рекорд гузоштем. 360 ронандагони бо хадамоти мо ҳамкоридошта, ғояи барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии шаҳрвандони мо дар кӯчаҳои шаҳр гаштанро дастгирӣ карданд. Шодам, ки мо ба одамон дар ин рӯз шодӣ оварда тавонистем. Ҳамаро бо ид табрик мекунам! — мегӯяд роҳбари хадамоти «Максим» дар Хуҷанд Мирзонуриддин Нурматов.