Панҷ қоида барои онҳое, ки ашёҳояшонро дар такси фаромуш карданд

Панҷ қоида барои онҳое, ки ашёҳояшонро дар такси фаромуш карданд

08 մայիսի, 2018 թ.

Мувофиқи омори хадамоти «Максим», дар рӯзҳои корӣ истиқоматкунандагони Тоҷикистон ҳар як дақиқа ашёҳояшонро дар такси фаромуш мекунанд. Аз ҳама зиёдтар мусофирон онҳоро дар курсӣ фаромуш мекунанд ёки пай намебаранд, ки онҳо аз киса афтидаанд. Ашёи гумшударо бо осонӣ баргардонидан мумкин аст, агар якчанд қоидаи оддиро дониста бошед.

1. Хадамоти фармоиши такси «Максим» пайгири принсипе мебошад, ки ашёи фаромушшударо ба соҳибаш баргардонидан лозим аст. Менеҷерони хидмат ба ронандагон дар бораи зарурияти муоинаи дохили мошин баъд аз ҳар як сафар ва оиди ин ёдрас намудани мусофирон иттилоот медиҳанд. Ронандагон медонанд, ки баъд аз ёфт шудани ашёи фаромушшуда дарҳол бо мусофир барои баргардонидани он дар тамос гаштан лозим аст. Агар амалӣ намудани ин имконнопазир бошад, ашёи ёфтшударо ба идораи ширкат бурдан лозим аст.

2. Дар давоми шабонарӯз мусофири ашёашро дар такси фаромушкарда, метавонад дар барномаи «Максим» ба ронанда занг занад ёки нависад. Агар фармоиш тавассути телефон карда шуда бошад, ба оператор занг задан ва бо ронанда пайваст намуданро хоҳиш намудан мумкин аст. Бо шарофати алоқаи баръакси зудамал ба иштирокчиён зуд баргардонидани ашёҳо муяссар мегардад.

3. Дар ҳолатҳое, ки гумшавӣ баъд аз як шабонарӯз баъд аз сафар муайян гардад, ба офиси хадамоти «Максим» муроҷиат намудан лозим аст. Суроға, телефон ва тартиби кори идораи ширкат дар ҳар як шаҳр дар сомонаи taximaxim.tj нишон дода шудааст. Мусофир бояд чизи гумшуда гӯяд, санаи сафар ва телефонро, ки аз он фармоиш карда шудааст, номбар намояд. Агар ашёҳо дар офис бошад, онро ҳатман ба соҳибаш бар мегардонанд.

4. Дар идора ҳамаи ашёҳои аз ҷониби ронандагон ёфтшуда, ба ғайр маҳсулоти тез вайроншаванда нигоҳ дошта мешаванд. Хидмат дорои биноҳои амборӣ барои нигоҳдории дурудароз намебошад, барои ҳамин ашёҳои худро ҳар чӣ зудтар гирифтан лозим аст.

5. Мувофиқи талаботи хадамот соҳибони ашёҳои гумшуда бояд хизмати ронандагонро аз рӯи дастраскунии онҳо пардохт намоянд.

Дарвоқеъ, аз ҳама зиёд дар такси телефонҳо, ҷузвдонҳо бо ҳуҷҷатҳо, сумкаҳо, калидҳо, сарпӯшҳо ва дастпӯшакҳоро фаромуш мекунанд. Барои эмин гаштан аз ҳолатҳои ноқулай, ҳама вақт тафтиш намоед, ки чизеро дар такси фаромуш накарда бошед.