Дар Душанбе боркашониро чун такси муқаррарӣ фармоиш додан мумкин аст

Дар Душанбе боркашониро чун такси муқаррарӣ фармоиш додан мумкин аст

25 փետրվարի, 2019 թ.

Хадамоти фармоиши такси “Максим” хизматрасонии наверо ба роҳ монд, ки он таҳвили то 1,5 тонна борро дар дохили шаҳр ва берун аз он имконпазир мегардонад.

Хизматрасониро ба воситаи оператор тавассути рақами телефон, инчунин тавассути сомонаи хадамот ё барномаи “Максим” фармоиш додан мумкин аст. Барои тавассути барнома ё сомона ба расмият даровардани фармоиш суроғаи гирифтани бор ва нуқтаи охири хатсайрро нишон дода, дар замимаи “Тарофа” варианти “Автомобили боркаш то 1,5 тонна”-ро интихоб намудан лозим аст. Ба ин тарз истифодабаранда ва ронанда дилпур мешаванд, ки бор ба мошин ҷой мегирад. Ҳангоми тавассути рақами телефон фармоиш додан ба оператор хоҳиши интиқоли борро гуфта, дар бораи ҳаҷму андозаи он маълумот додан лозим аст.

Дарҳол баъди барасмиятдарории фармоиш нархи минималии хизматрасонӣ, ки ба он 1 соати кори ронанда ва 15 км роҳ дохил мегардад, ҳисоб карда мешавад. Нархи аниқи хизматрасонӣ дар анҷоми таҳвил муайян мегардад.

Хадамоти “Максим” пешакӣ фармоиш додани боркашониро тавсия медиҳад, то ин ки мошин аниқ дар вақти даркорӣ ҳозир шавад. Хизматрасонӣ барои ба манзил таҳвил додани борҳои вазнин, масалан, мебел ё масолеҳи сохтмон муфид аст. Инчунин барои истифодабарандагоне, нияти кӯчидан доранд, айни муддаост.