Дар хизматрасонии «Максим» метавонед таксиро дар дилхоҳ нуқтаи харита фармоиш диҳед

Дар хизматрасонии «Максим» метавонед таксиро дар дилхоҳ нуқтаи харита фармоиш диҳед

21 September 2017

Дар барномаи мобилии "Максим: фармоиши такси" метавонед фармоишро аз рӯи координатаҳои ҷуғрофӣ таҳия намоед, агар дар радиуси 100 метр сӯроғаҳои ба система маълум набошад. Имконияти нав ҳамон вақт фаъол мешавад, агар мусофир дар ноҳияи дурдаст ё аз қаламрави он берун қарор дошта бошад.

Қаблан ҳангоми фармоиш додани такси ба макони бе ягн бино ва иншоот, геонишона, ки дар харита насб карда шудааст, хоҳ нохоҳ ба бинои наздиктарин пайваст карда мешуд ва сӯроғаи ҳамон бино инъикос мегардид. Макони ҷойгиршавии худро танҳо тавассути эзоҳот ба фармоиш ё тавассути тамос бо ронанда муайян кардан мумкин буд. Акнун корбар метавонад геонишонаро дар дилхоҳ нуқтаи харита насб намояд. Система координатаи онро муайян менамояд ва ронанда дида метавонад, ки мусофир маҳз дар куҷо қарор дорад.

Имконият дар барномаи мобилии "Максим: фармоиши такси" дар палтформаҳои Android ва iOS илова карда шуда, дар ҳама кишварҳои фаъолияти хадамот дастрас мебошад. Вақтҳои охир ин аввалин навоварие нест, ки даъваткунии автомошинро дар ноҳияиҳои дурдаст содда мегардонад. Аз моҳи июл сар карда, барномаи мобилӣ ба мусофир интихоби ронандаро пешниҳод менамояд, ки фармоишҳоро дар дигар ноҳия интизор аст ва барои пешниҳоди автомошин иловапулӣ медиҳад. "Максим" беҳтаркунии хизматрасониро давом медиҳад, то ки он барои ҳам мусофирон ва ҳам ронандагон қулай бошад.