Платформаи маъруфтарини мобилӣ барои фармоиши такси дар Тоҷикистон муайян гардид

Платформаи маъруфтарини мобилӣ барои фармоиши такси дар Тоҷикистон муайян гардид

15 Juni 2018

Мутахассисони хадамоти «Максим» ҳисоб карданд, ки корбарони кадом системаҳои оператсионӣ бисёртар барномаи ширкатро насб мекунанд ва фаъолтар фармоишҳо медиҳанд.

Дар ҷои якум платформаи Android будааст — ба он 80% боргириҳо аз шумораи умумии насбкуниҳои барномаи «Максим» мувофиқ меояд. Баъдан версия барои iOS — онро 19% корбарон насб намуданд. Насбкуниҳо дар системаи оператсионии аз ҳама номашҳур, Windows Phone, ҳамагӣ 1%.

Миқдори фармоишҳои аз платформаҳои гуногун воридгардида, ба миқдори боргириҳо номутаносиб аст. Ба ҳиссаи истифодабарандагони системаи оператсионии Google 66% ҳамаи фармоишҳо тавассути барнома мувофиқ меояд. Аз дастгоҳҳо дар iOS 23% фармоишҳо ворид мегардад. Бармеояд, ки барнома дар Android-ро нисбати барнома дар iOS 4,2 маротиба зиёд одамон насб намуданд, вале миқдори фармоишҳое, ки онҳо кардаанд, ҳамаи 2,8 маротиба зиёд асту халос. Маълумотҳои мазкур тасдиқ мекунанд, ки соҳибони iPhone ва iPad хизматҳои мобилиро нисбати соҳибони смартфонҳо бо системаҳои оператсионии дигар фаъолтар истифода мебаранд. Қобилияти харидории онҳо барои аз хизматҳои такси зиёдтар истифода бурдан имкон медиҳад.

Ҳиссаи баланди Android дар Тоҷикистон ба тамоюли умумӣ мувофиқ аст: платформаи мазкур паҳнгардидатарин дар ҷаҳон аст. Ҳамчунин дар кишвар маъруфии хизматрасониҳои мобилӣ зиёд шуда истодааст. Аз лаҳзаи оғози барномаи «Максим» миқдори умумии насбкуниҳои он ҳар сол 1,5-2,5 маротиба зиёд мегардад. Бо рушди технологияҳо ва пайдошавии имкониятҳои нав одамон зудтар ва осонтар гирифтани хизматрасониро мехоҳанд. Барномаи мобили дар смартфон барои иҷрои он дар ду расиш амалӣ намудан ёрӣ медиҳад.