Автомобилҳои хадамоти «Максим»-ро акнун дар Душанбе аз рӯи геонишона шинохтан мумкин аст

Автомобилҳои хадамоти «Максим»-ро акнун дар Душанбе аз рӯи геонишона шинохтан мумкин аст

29 მარტი, 2019

Ширешкоғази махсус бо унсури логотипи хадамот дар оинаи пеши мошин ба мусофирон имкон медиҳад, ки автомобили таксиро аз дигар автомобилҳо фарқ кунанд.

Ширешкоғаз дар намуди геонишонаи сурх дар кунҷи болои оинаи пеши мошин аз тарафи ҷои нишасти мусофир ҷойгир гардидааст. Он ба хадамот тааллуқ доштани автомобилро тасдиқ менамояд, чунки унсури шинохташаванда аст ва ба «Максим» вобастагӣ дорад. Ин нишонаи фарқкунанда ба ронандагоне, ки бо чанд сабаб автомобилро бо рекламаи хадамот бренд карда наметавонанд, мувофиқ аст.

Мусофирон ба туфайли геонишона таксиро дар таваққуфгоҳ аз байни даҳҳо автомобили дигар зудтар ёфта метавонанд, ки аз ин ҳисоб вақти интизорӣ барои ронандагон кӯтоҳ мегардад.

Ба ғайр аз ин, менеҷери офис геонишонаро баъди муоинаи пешакии автомобил мечаспонад. Барои мусофирон ин аз он далолат медиҳад, ки мошин аз санҷиш гузаштааст ва ронанда барои ҳамкорӣ бо хадамот иҷозат дорад.

Дар логотипи хадамот геонишона дар навишти ҳарфи «a» дар калимаи «maxim» ба назар мерасад. Дар шуури истифодабарандагони компютеру смартфонҳо он нуқтаи даркориро дар харита ифода менамояд. Барои «Максим» ин рамзи имрӯзу ояндаи ширкат чун хадамоти глобалии иттилоотӣ аст.