Таксиро интихоб намо: сокинони Тоҷикистон намудҳои гуногуни мошинро фармоиш дода метавонанд

Таксиро интихоб намо: сокинони Тоҷикистон намудҳои гуногуни мошинро фармоиш дода метавонанд

2019 ж. 19 ақпан

Дар хадамоти фармоиши такси “Максим” тарофаҳо барои сафар бо мошинҳои сабукрави синфҳои гуногун, инчунин минивэнҳои то 6 нафар ғунҷоишдошта амал мекунанд.

Тавассути хадамоти “Максим” сокинони Душанбе ва Хуҷанд мошинро мувофиқи талаботи худ интихоб намуда, нархи сафарро пешакӣ фаҳмида метавонанд. Тарофаи “Каммасраф” ба сафарҳои каммасраф мувофиқ мебошад, яъне, вақте ки барои такси маблағи камтар сарф кардан лозим аст. Аз рӯи тарофаи “Каммасраф” мошинҳои нави хориҷии синфи миёна ё бизнес, масалан, Toyota Camry, BMW 520, Mercedes E-class меоянд. Барои сафари гурӯҳи калон тарофаи “Минивэн” мувофиқ аст, яъне, барои баробар раҳсипор шудан якчанд мошинро фармоиш додан лозим нест.

Ҳангоми тавассути барнома ва сомона фармоиш додан тарофаи даркорӣ аз рӯйхат интихоб карда мешавад. Агар фармоиш тавассути рақами телефон ташкил гардад, номи тарофаро ба оператор гуфтан лозим аст. Нарх аз рӯи хатсайри мувофиқ ҳисоб карда мешавад. Нархи сафари каммасраф аз 5 сомонӣ, аз рӯи тарофаи “Роҳат” аз 9 сомонӣ ва барои минивэн аз 11 сомонӣ оғоз меёбад.

Ба ғайр аз ин тарофаҳо, дар хадамоти “Максим” мошинро барои тӯй интихоб намудан мумкин аст: барои ин пешакӣ ба идора омада, хоҳишҳои худро гуфтан лозим аст. Хизматрасониҳои “Ронандаи ҳушёр” ва “Таҳвил” низ дастрасанд. Хизматрасонии “Ронандаи ҳушёр” барои истифодабарандае мувофиқ аст, ки бо мошини худ сафар кардан мехоҳад, вале мустақилона мошин ронда наметавонад. Хизматрасонии “Таҳвил” барои таҳвили борҳо ё фармоиши харидани маҳсулоти зарурӣ аз мағоза муфид аст.

– Пештар сокинони Тоҷикистон, ки мошин ё хизматрасонии муайянеро фармоиш додан мехостанд, ногузир ба ширкатҳои гуногун муроҷиат мекарданд. Дар як ширкат минивэн меҷустанду дар ширкати дигар таҳвили арзон ва дар ширкати сеюм такси каммасраф. “Максим” ҳамаи инҳоро дар як хадамот гирд овард ва акнун корафтодагон метавонанд бо доштани барномаи мобилии ягона дар смартфон мошин ё хизматрасонии мувофиқро фармоиш диҳанд, – мегӯяд Сироҷиддин Ҳамидов, роҳбари хадамоти “Максим” дар Душанбе.