Хадамоти «Максим» пешниҳоди мошинҳои мусофирбарро суръат мебахшад

Хадамоти «Максим» пешниҳоди мошинҳои мусофирбарро суръат мебахшад

24 de julho de 2017

Имконияти нав барои истифодабарандагони барномаи «Максим: фармоиши такси» дар ҳамаи ҳафт кишваре, ки хадамот дар онҳо фаъолият дорад, дастрас мебошад.

Ронандагон бо майли том фармоишҳоеро ба дӯш мегиранд, ки барои расидан ба онҷо онҳо ҳамагӣ якчанд дақиқа сарф менамоянд. Онҳо масофаи хурдро бе мизоҷ тай намуда, метавонанд масофаи дарози сафари муфид дошта бошанд ва мусофирон бо нархи минималӣ сафар мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳолати зикршуда ҷиҳати манфӣ дорад, ки он мушкилоти тамоми соҳа гардидааст: хоҳиши ба ҳадди ақал расонидани сафарҳои бемизоҷ боиси афзудани вақти бекори ронандагон дар интизори фармоишоти дилхоҳ гардидааст.

Хадамотҳои гуногуни фармоиши такси кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то масъалаи талабот ва пешниҳодро бо роҳи зиёд намудани арзиши сафар аз ноҳияҳои бенақлиёт ба танзим дароранд. Дар амалия, чунин ҳолат ба ҳаннотӣ оварда мерасонад. Ронандагон мунтазири зиёд шудани фармоишот гашта, сипас онҳоро қабул менамоянд. Дар натиҷа, мусофир маҷбур мешавад, ки бо арзиши дукарата дар хатсайри худ, ки аз сафари бемизоҷ вобаста нест, сафар намояд.

Хадамоти «Максим» масъаларо ба таври дигар ҳал намуд. Агар мошини озод дар наздикӣ мавҷуд набошад, барномаи «Максим: фармоиши такси» ба мизоҷ пешниҳод мекунад, ки ронандаи дар дигар маҳал интизорбударо фармоиш намояд. Мусофир метавонад барои суръат бахшидан ба таъмини мошин розӣ шавад ва ба ронанда хароҷоти воқеиро барои зуд расида омаданаш пардохт намояд. Ё вай метавонад чунин хизматрасониро рад карда, мунтазир шудани ронандаи озодро дар маҳалли худ идома диҳад.

Дар хадамоти «Максим» мусофирон пеш аз чунин тартибот низ арзиши сафарро баланд бардошта метавонистанд ва барои ин хадамот фармоишро барои ронандагон ҷолибтар мегардонид. Хусусияти нави хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки маблағи аниқи пардохти иловагиро вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии ронанда дониста бошед.