10 автомашинаҳои маъмултарини такси дар Тоҷикистон

10 автомашинаҳои маъмултарини такси дар Тоҷикистон

21 марта 2018 г.

Дар ҳамаи кишварҳо санаи 22 март ронандагони такси иди касбӣ — Рӯзи байналхалқии таксиронро қайд мекунад. Хадамоти «Максим» рейтинги автомашинаҳоро тартиб дод, ки нисбатан зиёдтар дар такси истифода бурда мешаванд.

Ҷойҳои пешсафро байни такси дар Тоҷикистон автомашинаҳои немисии синфи C ва D ишғол мекунанд, ки бо эътимоднокӣ ва қулайӣ фарқ мекунанд. Аз ҳама зиёдтар ронандагон барои кор Opel Astra-ро интихоб мекунанд, ки яке аз автомашинаҳои каммасрафи шаҳрӣ ҳисоб меёбанд. Ҷои дуюмро автомашинаи намояндагии Mercedes-Benz C-class ишғол мекунад. Сегонаи пешсафонаро тамғаи синфи миёна — Opel Vectra ба охир мерасонад, ки онро ронандагон барои каммасрафӣ ва бехатарӣ интихоб кардаанд. Бо ин тамғаи Opel дар маҷмӯъ зиёда аз 50%-ро аз шумораи умумии автомашинаҳо ишғол менамояд.

Ҳамчунин дар рӯйхат машинаҳо аз истеҳсолкунандагони Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод карда шудаанд.

10 беҳтарин автомашинаҳои такси

1. Opel Astra — 39,9%

2. Mercedes-Benz C-class — 20,4%

3. Opel Vectra — 15,6%

4. Opel Zafira — 12,3%

5. Mercedes-Benz Е-class — 7%

6. Daewoo Leganza — 1,4%

7. Daewoo Lacetti — 1,2%

8. Daewoo Nexia — 1,2%

9. Mercedes-Benz S-class — 0,5%

10. Mercedes-Benz 190 — 0,5%

Интихоб аз рӯи маълумотҳои шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо хадамоти «Максим» кор мекунад, тартиб дода шудааст.

Рейтинг нишон медиҳад, ки такси дар Тоҷикистон дар намуди дастраси нақлиёт мондан, боз ҳам бароҳаттар гашта истодааст. Таксиронҳо ба интихоби автомашина бо таври ратсионалӣ муносибат доранд, зеро ки даромад аз тавсифи он вобастагӣ дорад. Онҳо автомашинаҳои боэътимод, бароҳат ва каммасрафро харидорӣ менамоянд. Онҳо ба хароҷоти сӯзишворӣ, ғунҷоиш ва зудҳаракатӣ диққат медиҳанд.

10 беҳтарин автомашинаҳои такси — маслиҳати хуб барои ронандаи дилхоҳ, ки автомашинаи беҳтарини худро ҷустуҷӯ дорад.