Барномаи хадамоти «Максим»-ро зиёда аз 2 млн истифодабарандагони iOS фаро кашидаанд

Барномаи хадамоти «Максим»-ро зиёда аз 2 млн истифодабарандагони iOS фаро кашидаанд

27 Феврал 2018

«Максим: фармоиши такси» яке аз хадамотҳои беҳтарини фармоиши автомошинҳо барои iPhone ва iPad ҳисобида мешавад. Дар App Store барнома ба шумораи пешбарон дар тоифаи мазкур бо баҳои 4,3-и истифодабарандагон ворид мешавад.

Соҳибони iPhone аз барнома фаъолона истифода мебаранд. Дар давоми моҳ зиёда аз 65% истифодабарандагон ақаллан як маротиба автомошинро бо ёрии он фармоиш додаанд. Ҳамагӣ тавассути барнома дар iOS зиёда аз 45% фармоишҳо ворид мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки 2 млн — ин фақат миқдори тахминии фарокашиҳои барнома ба iOS мебошад. Истифодабарандагони зиёд фиристодани маълумотҳои таҳлилиро рад мекунанд, ва онҳо дар омор ба ҳисоб гирифта намешаванд. Миқдори аслии насбкуниҳои барнома 2-3 маротиба зиёд аст ва бо маълумотҳо дар версияи Android таққосшаванда аст, ки ба қарибӣ фарокашии 6 миллионумро оғоз намуд.

Барномаи оператсионии Windows Phone машҳурияти камтар дорад, барои ҳамин насбкуниҳои барнома ба он камтар аст.

«Максим» барои осонтар ва қулайтар намудани фармоиши такси кӯшиш дорад ва барномаро мунтазам такмил медиҳад. Рушди оммавияти он ва баҳоҳои баланди истифодабарандагон — яке аз нишондиҳандаҳои муваффақияти коркардчиён мебошад.