8 март дар Тоҷикистон: талабот ба такси чӣ гуна тағир меёфт

8 март дар Тоҷикистон: талабот ба такси чӣ гуна тағир меёфт

12-mart, 2019
#taximaxim

Мутахассисони хадамоти «Максим» чӣ гуна тағир ёфтани талабот ба таксиро дар давраи аз 6 то 9 март мушоҳида намуданд. Авҷи талабот нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ 45% бештар буд.

Бино ба маълумоти хадамот, дар Тоҷикистон афзоиши миқдори фармоишҳо 6 март оғоз ёфт. Авҷи талабот ба 7 март рост омад, вақте ки нисбат ба рӯзҳои охири моҳи феврал ва аввали моҳи март сафар тавассути такси 45% бештар гардид. 8 март талабот ҳамоно дар сатҳи баланд қарор дошт. Ҳарчанд 9 март миқдори сафарҳо каме коҳиш ёфт, вале нисбат ба рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ 3% бештар буд.

Сокинони Тоҷикистон таҷлили идро 7 март оғоз намуда, баъдан ба хона рафтанд ё шабона то дергоҳ дар ҷойҳои дигар идома доданд. Дар давраи аз соати 0 то 3-и субҳ миқдори сафарҳо тавассути такси нисбат ба ҳамин вақту соати рӯзҳои муқаррарӣ тахминан 20% бештар буд. Баъзеҳо то соати 6-и субҳ базми идонаро давом доданд, ки аз ин ҳисоб талабот 15% афзоиш ёфт. 8 март ин раванд идома пайдо кард: аз соати 10-и субҳ миқдори фармоишҳо дубора зиёд гашта, то ба анҷоми рӯз меафзуд. Ин омор дар асоси маълумот аз ду шаҳри калони Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд таҳия шудааст.

Рӯзи байналмилалии занон яке аз ҷашнҳои маъмул аст. Баҳри истиқболи сазовори он ба таври хоса тайёрӣ мебинанд ва азбаски рӯзи истироҳат низ ҳаст, дар коллективҳо ин рӯзро пешакӣ ҷашн мегиранд.

Албатта, барои саривақт харидани туҳфаю маҳсулот, орою торо додани худ ва табрику таҳният гуфтани ҳамагон вақти зиёде сарф мешавад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо такси хизматрасони беминнату асту одамон низ аз чунин хизматрасонӣ фаровон истифода мебаранд. Талабот ба такси аз ҳисоби мошиндороне низ афзоиш меёбад, ки дар рӯзи ид истифодаи таксиро аз мошини шахсӣ беҳтар мешуморанд.