3 маслиҳат оиди фармоиши такси барои кӯдак

3 маслиҳат оиди фармоиши такси барои кӯдак

1 tháng 6, 2018

Оё танҳо фиристодани кӯдак дар такси бехатар аст? Чӣ тавр сафарро ба ҷои кӯдак пардохт намудан мумкин аст? Дар арафаи Рӯзи кӯдакон хадамоти «Максим» ёддошт барои волидайнро омода кардааст.

Гоҳе мешавад, ки волидайн кӯдаконро баъд аз машғулиятҳо вохӯрда ёки ба ягон ҷое бурда наметавонанд, ва лозим мешавад, ки ба онҳо такси фармоиш диҳад. Маслиҳатҳои одӣ барои сафарҳоро бароҳат ва бехтар намудан ёрӣ мерасонанд.

1. Барои кӯдак таксиро мустақилон фармоиш диҳед

Ҳангоми фармоиши такси кӯдак метавонад худро гум кунад, суроғаҳои сафарро нодуруст гуяд. Барои он, ки ин тавр нашавад, беҳтараш волидайн худ фармоиш диҳад. Дар барномаи «Максим» рақами телефони мобилиии кӯдакро нишон додан мумкин аст, то ки огоҳиҳо ҳангоми фармоиш бевосита ба ӯ биёянд. Барои ин дар хоҳишҳо ба фармоиш рақами телефони онро дар майдончаи махсус ворид намудан лозим аст. Ба шарофати функсия ба волидайн лозим намешавад, ки кадом автомашина омаданашро ва ӯ кай баромаданашро гӯянд: кӯдак ҳамаашро дар SMS-и телефони худ мебинад.

2. Усули ғайринақдии пардохтро интихоб намоед

Ҳар як истифодабарандаи хадамот суратҳисоби худ барои пардохти ғайринақдии сафарҳоро дорад, ки он ҳангоми фиристодани кӯдак бе ҳамроҳии волидайн ёрӣ медиҳад. Ба мусофири хурдакак бо пули нақд пардохт кардан лозим намешавад: арзиши сафар ба таври автоматикӣ аз суратҳисоб гирифта мешавад.

Барои истифода бурдан аз имконият, ҳангоми фармоиши таксӣ дар барнома ба аломати усули пардохт пахш намуда, суратҳисобро интихоб кардан лозим аст. Дар ҳолати фармоиш тавассути оператор гуфтан лозим аст, ки аз суратҳисоб пардохт шавад. Ҳангоми фармоиш додан аз сомона шартро дар шакли фармоиш интихоб намудан лозим аст. Суратҳисоби худро тавассути терминалҳо пур кардан мумкин аст.

3. Аз кӯдак фиристодани хатсайри сафарро хоҳиш намудан

Бо барномаи «Максим» волидайн ҳаракати таксиро, ки дар он кӯдаки онҳо меравад, дар харита дар тартиби вақти аслӣ дида метавонед. Агар кӯдак фармоишро худ дода бошад, ӯ бояд треки сафарро аз барномаи худ мубодила намояд. Ба волидайн истинод ба харитаи хатсайр меояд. Агар фармоишро касе аз волидайнон дода бошанд, ягон ҳаракати иловагиро содир намудан лозим нест. Дар барнома намоён мегардад, ки такси дар куҷо рафта истодааст.

Оддӣ ва қулай будани хадамоти «Максим» ҳатто ба мусофирони хурдакак аз хизматрасониҳои он истифода бурдан имкон медиҳад. Технологияҳои муосир ва огоҳнамоӣ дар бораи сафар дар давоми тамоми хатсайр бошад ба волидайн барои бомуваффақият ба итмом расидани он боварӣ ҳосил намудан ёрӣ мерасаонд. Вале бехатарии сафар на танҳо аз хадамот вобаста аст. Ронандагон худ бояд кӯдакро таълим диҳанд, ки дар машина ҳамеша тасмаи бехатариро гузаронидан лозим аст. Дар Рӯзи кӯдакон оиди ин хотиррас намудан махсусан муҳим аст.