Хадамоти “Максим” дар Душанбе ва Хуҷанд хизматрасонии таҳвилро ба роҳ монд

Хадамоти “Максим” дар Душанбе ва Хуҷанд хизматрасонии таҳвилро ба роҳ монд

25 tháng 1, 2019

Бо истифода аз хизматрасонии нав борҳоро аз як суроға ба суроғаи дигар фиристодан ё аз ронанда хоҳиш намудани харидани ягон маҳсулот аз мағоза имконпазир аст. Нархи хизматрасонӣ пешакӣ маълум мебошад.

Дар Душанбе ин хизматрасониро тавассути барномаи мобилии “Максим” фармоиш додан мумкин аст. Барои ин суроғаи гирифтани бор ва суроғаи таҳвилро нишон дода, дар хоҳишҳо ба фармоиш зарурати ёрии ронандаро қайд намудан лозим мебошад. Инчунин дар эзоҳот бори зарурии таҳвилшавандаро навиштан мумкин аст. Нархи сафар аз рӯи хатсайри нишондодашуда бо назардошти иловапулӣ барои ёрии ронанда ҳисоб карда мешавад.

Хизматрасонӣ ҳангоми аз мағоза таҳвил додани маҳсулоти зарурӣ низ ба кор меояд. Барои ин дар хоҳишҳо ба фармоиш рӯйхати маҳсулоти зарурӣ ва нархи тахминии онро навиштан лозим аст. Ронанда маҳсулоти заруриро аз ҳисоби худ харида, ба назди фармоишдиҳанда меорад ва барои гирифтани маблағи сарфкардааш чекро пешниҳод менамояд.

Дар Хуҷанд хизматрасонии таҳвилро тавассути тарофаи махсус фармоиш додан мумкин аст. Нархи сафар ба дилхоҳ ноҳияи шаҳр муайян аст: 8 сомонӣ. Раванди фармоиши таҳвили маҳсулоти зарурӣ ба раванди фармоиш дар Душанбе монанд буда, фақат 3 сомонӣ гаронтар аст. Фармоишро ба воситаи барнома ва тавассути рақами телефон ба расмият даровардан мешавад.

Таҳвил на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, ки одатан аз мағоза овардани маҳсулот, гирифтани хӯроки фармоишдода ё аз як суроға ба суроғаи дигар кашондани борҳоро хоҳиш менамоянд, маъмул аст. Бисёр вақт аз хадамоти “Максим” ширкатҳое низ истифода мебаранд, ки хизматрасонии таҳвили маҳсулоти худро пешниҳод менамоянд, ба мисли: қаҳвахонаю тарабхонаҳо, корхонаҳои қаннодӣ, мағозаҳои гулфурӯшӣ.

Тарофа барои онҳое қулай аст, ки бевосита борҳоро фиристода наметавонанд, аз мағозаи даркорӣ дуртар зиндагӣ мекунанд ё ба ягон сабаб ба он дастрасӣ надоранд. Ин хизматрасонӣ ба гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ, ки аз хона баромадан барояшон мушкил аст, хеле муфид мебошад. Ба таъкиди ширкатҳои фармоишдиҳанда, барои онҳо истифодаи хизматрасониҳои хадамоти “Максим” аз доштани борбарҳо беҳтар будааст.