Волидайн бо кӯдакон чӣ тавр дар Тоҷикистон дар такси бароҳат раванд

Волидайн бо кӯдакон чӣ тавр дар Тоҷикистон дар такси бароҳат раванд

2024年6月3日

Ба рӯзи байналхалқии муҳофизаи кӯдакон хадамоти фармоиши такси «Максим» сафарҳо бо мусофирони хурдро таҳлил карда, маслиҳатҳои муҳимро барои ҳаракати боҳаловат дар такси бо ҳамроҳии кӯдакон ҷамъ кард.

Маълумотҳои хадамот нишон медиҳанд, ки дар моши майи соли гузашта сафарҳои аз ҳама бештар буданд, ки кӯдаконро ба сифати мусофирон қайд карда буданд. Дар моҳи феврал чунин фармоишҳо се маротиба камтар ба амал омад. Одатан бо кӯдакон дар такси ба боғҳо, марказҳои таҳсилотӣ ва боғчаҳои бачагона, истгоҳҳо ва фурудгоҳҳо мераванд. Масалан, ҷойҳои машҳуртарин дар Хуҷанд боғи «Наврӯзгоҳ» ва боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳили дарёи Сирдарё гаштанд. Сафарҳои бештар ба суроғаҳои хусусӣ расмӣ гардонида шуданд, кӯдаконро бо худ ба меҳмонӣ ё ки ба корҳои худ мебаранд.

Хадамоти фармоиши такси «Максим» якчанд маслиҳатҳои муфидро ҷамъ кардааст, ки сафари шуморо боҳаловат ва бехатар мекунанд.

— Дар хоҳишҳо ба фармоиш нишон диҳед, ки бо кӯдак меравед

Аз рӯи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кӯдакони то 12 сола бояд дар дастгоҳҳои махсуси нигоҳдоранда — автокурсиҳо ё ки бустерҳо, мустаҳкамкунандагони универсалӣ ё ки воситаҳои дигари барои бастани кӯдак бо ёрии тасмаҳои бехатарӣ имкон медиҳанд, раванд. Барои он, ки ба фармоиш ронанда бо дастгоҳи мувофиқ ояд, дар барнома сафар бо кӯдакро дар хоҳишҳо ба фармоиш нишон додан лозим аст.

— Қоидаҳои кашонидани кӯдакон дар авторо риоя кунед

Дар қоидаҳо нишон дода шудааст, ки кӯдакони то 12 сола бояд танҳо дар курсиҳои қафои автомобил раванд. Оиди он ғамхорӣ кунед, ки кӯдак баста бошад ва дар вақти ҳаракати воситаи нақлиёт дар салони автомобил ҳаракат накунад.

— Таксиро пешакӣ фармоиш диҳед

Ронанда курсии кӯдаконаро на ҳамеша дошта метавонад. Аз такси асосан калонсолон истифода мебаранд, чунин дастгоҳи ҳаҷман калон миқдори фазоро дар салони автомобил хеле кам мекунад. Дар барнома вақтро, ки ба он мошин лозим аст, бояд қайд кард ва таксии ба ҳамаи параметрҳо мутобиқ зудтар меояд.

— Талаботҳои кӯдакро дар хотир нигоҳ доред

Кӯдаконе ҳастанд, ки дар автомобил рафтори ноором доранд. Касеро алвонҷ медиҳад, касеро сафарҳо зиқ мекунад, ба касе намефорад. Бо худ бозичаҳои дӯстдоштаи кӯдакро гиред ё ки бо чӣ машғул кардани ӯро фикр кунед. Агар дар сафар кӯдак худро хуб эҳсос накунад, бо худ халтача гирифтан лозим аст. Омодагӣ сафарро на танҳо барои шумо, барои кӯдак низ форам мекунад.

Дар хадамоти «Максим» сафар бо кӯдакон аз нархи оддӣ тибқи тарофа қиматтар нест. Курсиҳои кӯдакон — ин ҳиссаи ронандагон ба бехатарии кӯдакони шумост.