Миллионҳо одамон аз барномаи хадамоти «Максим» истифода мебаранд

Миллионҳо одамон аз барномаи хадамоти «Максим» истифода мебаранд

2 Februari 2018

Миқдори зеркашиҳо дар Google Play аз 5 миллион гузашт.

Версияи «Максим: фармоиши такси» барои Android — маъмултарин аст. Он ба категорияи миллионерҳо аз рӯи миқдори зеркашиҳо дар соли 2014 ворид гашт, ва акнун миқдори насбкуниҳо ҳар сол зиёд мегардад. Маъруфии барнома ҳамчунин баҳогузории истифодабарандагон тасдиқ мекунад — 4,6. Ин нишондиҳандаи баландтарин байни хидматҳои бузургтарини хадамоти фармоиши такси дар ҷаҳон аст.

Барнома барои iOS ҷои аввалро ишғол мекунад, дар Windows Phone — сеюмро. Аз ин версияҳо низ миллионҳо одамон истифода мебаранд.

— Сол аз сол бо зиёдтар одамон таксиро тавассути барнома фармоиш медиҳанд. Дар шаҳрҳои калон он ҳамчун усулҳои дигари фармоиши такси маъмул аст. Дар ин бисёриҳо усулҳо дар вобастагӣ аз ҳолат навбат мегиранд: имконияти суҳбат кардан бо телефон — тавассути телефон вуҷуд надоранд, агар чизеро саҳеҳ намудан лозим бошад — тавассути оператор. Хидмат офарида шудааст, то ки ба одамон имконияти интихобро пешниҳод намояд ва фармоиши таксиро то ҳадди ақал оддӣ ва қулай гардонад, — мегӯяд директор оид ба рушди минтақавии хадамоти «Максим» Алексей Маркин.

Барномаи аввалини худӣ барои фармоиши таксиро хадамоти «Максим» дар соли 2007 бо баробари паҳншавии интернети мобилии GPRS баровардааст. Ин яке аз барномаҳои мобили аввалинтарин дар Русия буд. Дар ин вақт маркетҳо набуд, интернетро дастӣ танзим мекарданд. Барои истифодабарандагон фармудани такси тавассути меню дар телефон душвор буд.

Дар аввали солҳои 2010-ум барнома такроран таваллуд ёфт. Дар ин вақт платформаҳои муосири мобилӣ, смартфонҳо ва интернети ба таври кофӣ босуръат паҳн гаштанд. Дар соли 2012 хидмат «Максим: фармоиши такси»-ро барои Android ва iOS, дар оғлзи соли 2013 — барои Windows Phone баровард. Аз ҳамон вақт инҷониб «Максим» мунтазам барномаро такмил медиҳад. Рушди маъруфии он ва баҳоҳои баланди истифодабарандагон — яке аз нишондиҳандаҳои муваффақияти коркардчиён мебошад.