Рейтинги автомобилҳои машҳуртарини такси дар Тоҷикистон тартиб дода шуд

Рейтинги автомобилҳои машҳуртарини такси дар Тоҷикистон тартиб дода шуд

19 มีนาคม 2024

22 март Рӯзи байналхалқии ронандаи такси қайд карда мешавад. Ба ид хадамоти фармоиши такси “Максим” таҳлил намуд, ки ронандагон кадом мошинҳоро меписанданд ва рейтинги мошинҳои машҳуртаринро тартиб дод.

Таърихи ид санаи 22 марти соли 1907 оғоз ёфтааст, вақте ки ба роҳҳои Британияи Кабир мошини аввалин бо таксометри дарунсохт баромада буд. Ин санаро басифати нуқтаи оғози мавҷудияти кори ронандаи такси қабул карданд. Ҳоло ҳамаи функсияҳои лозимии таксометр ба барнома ҷой мешавад, ва бурда расонидани мизоҷ амалан дар автои дилхоҳ имконпазир аст. Мана ин мошинҳо дар Тоҷикистон нисбатан машҳуртаранд.

Писандидаи муайян байни авто барои такси дар Тоҷикистон – Opel Astra. Дар сари чамбараки ин авто 39,1% ронандаҳоро дида метавонед. Автомобили дуюм аз рӯи машҳурӣ аз худи ҳамин тамға, Opel Zafira гардид. 16,6% ронандагон дар кор ин компактвэнро аълотар мешуморанд. Дар охири сегонаи пешсафон Opel Vectra меистад. Автомашинаи оилавӣ барои корро 9,8% ҳамкорони такси интихоб мекунанд. Ҳамагӣ автомобилҳо ин тамғаи олмониро бештар аз 60% ронандагон интихоб карданд.

Рейтинги пурраи автомобилҳои машҳур чунин намуд дорад:

  • Opel Astra – 39%
  • Opel Zafira – 17%
  • Opel Vectra – 10%
  • Mercedes C-class – 6%
  • Hyundai Avante – 6%
  • Mercedes E-class – 2%
  • Daewoo Nexia – 1%
  • Toyota Verso – 1%
  • Toyota Avensis – 1%
  • BYD E2 – 1%

Барои кор интихоб кардани автомобили боэътимод муҳим аст. Ронандагон моделҳои тафтишгардида, бо ҳаракатнокии баланд ва хароҷоти оптималии сӯзишвориро интихоб мекунанд. Пешсафони рейтингҳо автои синфи миёна мегарданд, ки ба онҳо ҷузъҳо ва хизматрасонии техникии гаронбаҳо лозим нест. Рейтинги мо барои интихоб кардани автомашинаи санҷидашуда ва ҳаракатнок барои шаҳр имкон медиҳад.

Ба ғайр аз мусофиркашонӣ, ронандагони хадамот барои ба кор даровардани муҳаррик ва кашола кардани автомобил, инчунин харидан ва дастрас кардани маҳсулот ёрӣ медиҳанд. Агар дар ин рӯз шумо мошинро барои сафар фармоиш диҳед, табрик кардани ронанда бо иди касбиро фаромуш накунед.

Хадамоти фармоиши такси «Максим» дар Тоҷикистон аз соли 2017 кор мекунад. Ҳоло аз хизматрасониҳои ширкат дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон истифода бурдан мумкин аст.

Ширкат технологияҳои инноватсионии фармоиши нақлиёт ва хизматрасониҳои дигарро меофарад, ки онро боз муосиртар, дастрастар ва бехатар мекунанд. Хадамот маҷмуаи дастурӣ-аппаратиро офаридааст, ки барои пайваст кардани миқдори бемаҳдуди фармоишгарон ва иҷрокунандагон ва коркард кардани миллионҳо фармоишҳо имкон медиҳад. Барнома барои фармоишҳои хизматрасониҳо «Максим» ва барнома барои кор бо фармоишҳои Taxsee Driver дар сафҳои пеши барномаҳо бо миллионҳо истифодабарандагон қарор дорад.